608 НУСХА КИТОБ – ҲАДЯИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 15 сентябри соли 2020 дар толори хониши Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин  Айнӣ” дар шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, дар рафти он 608 нусха китобҳои тозанашр ҳамчун туҳфаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, намояндаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ ва мудирони китобхонаҳои шаҳри Кӯлоб ширкат намуданд.

Меҳмонон бо масъулини китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб суҳбат ороста, таъкид намуданд, ки ин иқдоми созанда аз ҳар яки мову шумо масъулияти зиёдро тақозо менамояд, ки дар самти ҷалби ҳар чи бештари хонандагон ба мутолиаи китоб муфид хоҳад буд.

Баши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code