ОҒОЗИ ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз дар Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб  озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оғоз гардид.

Ба ҳайати комиссия таъкид карда шуд, ки озмун ба тариқи шафоф гузаронида шуда, меъёри адолат риоя гардад ва зимни баҳогузорӣ илму дониш ва лаёқати довталаб ба сифати меъёри асосӣ қабул карда шавад.

Дар озмун 24 нафар довталабе, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил карда истодаанд, иштирок намуда, аз миёни онҳо 10 нафар ҳамчун гирандагони Стипендияи Президентӣ муайян карда мешаванд.

Бахши  матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code