МУРОҶИАТНОМАИ и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ба сокинони шаҳри Кӯлоб

Сокинони шарафманд, бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Кӯлоб!

Мо имрӯз хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ кору зиндагӣ дорем.

Дар зимн, миллати тоҷик, аз ҷумла мо сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ масъулияти бузурги ватандориро ба дӯш гирифта, ба марҳилаи нави давлатсозиву миллатсозӣ ворид гардидем. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ватансозӣ ин масъулияте нест, ки ба ҷуз худи мо каси дигар онро ба душ гирад ва ё ин қарзи фарзандироро ба дигарон бовар кунем. Зеро касе ба ҷои мо хонаи моро, кӯчаи моро, шаҳри моро ва дар маҷмуъ Ватани моро обод намекунад. Танҳо фарзандони бонанги ҳамин сарзамин қодиранд чунин вазифаи бузургу пурифтихорро ба душ гиранд. Танҳо мову Шумо ҳастем, ки дар канори гарми ин сарзамин ба дунё омада, ба хоку боду оби он меҳр бастаем.  Танҳо мову Шумо ҳастем, ки мисли фарзанд дар баробари модар-Ватани худ масъулият ва қарзи эмониву виҷдонӣ эҳсос мекунем.

Набояд фаромӯш созем, ки мардуми баору нанги шаҳри Кӯлоб, якҷо бо дигар фарзандони ватандӯсти кишвар ҳатто дар мушкилтарин давраҳо вазифаи ватандориву ватансозии худро фаромуш накарданд. Ҳамакнун, ки марҳилаҳои гуногуни рушдро тай карда, дар пешорӯи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ба ин муносибат дар тамоми гушаву канори ватанамон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Дар ин росто, ҳар яки моро зарур аст бо ҳавасу ҳавсалаи баланд корҳои ободониро аз ҳавливу пушти дари хона ва кӯчаву маҳаллаи худ оғоз намуда, ба ин тартиб дар ободии шаҳру кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ саҳм гузорем.

Тавре дар урфият мегӯянд, симои ҳар хона сатҳи маърифат ва ақлу заковати соҳибхонаро нишон медиҳад. Зимнан, симои маҳалла ва шаҳрамон бошад дар маҷмуъ аз сатҳи маърифатнокии ҳар яки мо шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад. Яъне покизагии шаҳри азизамон симои покизаи ҳар яки мост. Тавре гуфтем, шаҳри Кӯлоб макони бостонӣ буда, сокинонаш бо доштани сатҳи баланди маърифату маданият дар таърих машҳуранд. Аз ин рӯ, гузаштаи пурифтихори Кӯлоб ва меҳмоннавозии мардумаш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамарӯза ба ин макон меҳмонони олиқадр, инчунин меҳмонони дохиливу хориҷӣ  ташриф меоранд. Ба ин хотир, моро лозим аст бо ташаббускории ҳарчи бештар баҳри ободи шаҳри азизамон камар бандем.

Зимнан, аз соҳибкорони ватандӯсти шаҳр эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки назди дукону мағозаҳои худро пайваста ба тартиб дароварда, тозаву озода кунанд, саҳни марказҳои савдо ва бозорҳоро кабудизор намуда, гулҳои мавсимӣ шинонанд, шиору навиштаҷоти фарсудашударо ба нав иваз намоянд, бо муштариён муомилаву муносибати неки инсониро ба роҳ монанд, яъне бо корҳои амалӣ ва рафтори шоистаи худ номбардори диёр гарданд.

Сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб, мо ба нерӯи созанда ва маърифати баланди шаҳрвандии ҳар яки Шумо эътимоду боварии комил дорем!

Пас, биёед ҳамчун фарзандони содиқи ин Ватан, хонаамон, кӯчаамон, маҳаллаамон, ҷойи корамон, шаҳрамон ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азизамонро ободу зебо гардонем!

Биёед чун узви як хонавода собит созем, ки мо фарзандони ҳақиқии аждоди тамаддунсози худ буда, соҳиби қудрати бузурги созандагӣ ҳастем!

Биёед дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештар гузошта, нангу номус ва ғайрати ватандории хешро дар ҷабҳаи бузурги созандагӣ ба кор барем!

Бо ин ниятҳои нек ба ҳамаи Шумо барори кор ва комёбиҳо таманно менамоем.

и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code