ШАХСОНИ БЕПАРАСТОР ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД!

Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои бузург ба шахсони яккаву танҳо ва имконияташон маҳдуд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Санаи 12- уми сентябри соли 2020 аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба сокини маҳаллаи Қурбон Зардакӣ шаҳри Қӯлоб Тағоева Сарагул кӯмакҳои молиявӣ ва маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, макарон, қанд, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ ва ғайраҳо расонида шуданд.

Дар ин росто, кӯмакҳоро ба ниёзмандон Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раҳимзода Раъно ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нозимова Фаришта ба модари маъюб  расониданд.

Тағоева Сарагул, ки худ бемор буда, фарзандони маъюбаш аз пои равон ва чашми бино маҳрум мебошанд, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин қадрдониҳо байён  намуд.

Бахши матбуотӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code