ШАҲРИ КӮЛОБ ОБОДУ ЗЕБОТАР МЕШАВАД!

Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти  Кӯлоб шабегиҳо гузаронида шуда истодаанд.

Имрӯз бошад дар тамоми ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр, шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишӣ, аз қабили гули лола, садбарг, сафед кардани дарахтони ҳамешасабз, нарм кардани бехи дарахтон ва тозаву озода намудани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳхо шамбегӣ бо маром идома ёфта истодааст.

Дар ин радиф, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ дар ин амали меҳандӯстонаву инсонпарварона саҳм гузошта, дар роҳҳои марказии шаҳр шанбегӣ гузаронидаанд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code