ДАР КӮЛОБ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА СУРЪАТИ НАВ КАСБ МЕКУНАД!

Санаи 11- уми сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ситоди корӣ вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ доир гардид.

Дар ситод муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб, сардори раёсати кишоварзӣ, раиси кумитаи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Роҳбарияти шаҳр аз масъулон оид ба самти фаъолияти пахтакорӣ ва ҷамъоварии ҳосил пурсон шуд.

Тавре зикр гардид, имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб тибқи дурнамо аз 3074 га замин ҷамъоварии 6980 тонна пахта пешбинӣ шуда, чиниш аз аввали мавсим 678,5 тонна ва дар як рӯз 70 тоннаро ташкил медиҳад.

Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷаъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ корро вусъат бахшида, нақшаи ҷамъоварии пахтаро ҳарчи зудтар иҷро намоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code