Соҳибкорони хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ҷалб гардида истодаанд

Санаи 10-уми сентябри соли 2020 меҳмонони олиқадр  доктор Сайҷалол Бадахшонӣ ва ҳайати ширкати “Заррин”-и Британия Кабир ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ ташриф оварданд.

Сармоягузорони хориҷӣ аз минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб дидан намуда, барои пешбурди кор имкониятҳоро омӯхтанд.

Дар ин росто, роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам оид ба фаъолият шурӯъ намудани Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба сармоягузорони хориҷӣ маълумотҳои муффасал дод.

Ҳамчунин кайд дошт, ки  аз соли 2019 бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 01 марти соли 2019 №97) дар майдони 309 гектар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”  таъсис дода  шудааст.

Баъди дидан намудан аз Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб меҳмонон бо раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф вохӯрии судманд анҷом дода, паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳамкориҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Роҳбарияти шаҳр иброз намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳамкориҳои судманд ҳамеша омода буда, метавонем барои таъсиси силсилакорхонаҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам меорем.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code