Дар Кӯлоб корҳои созандагиву ободонӣ бо маром ҷараён доранд

Бо шарофати Истиклолияти давлатӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб дар баробари  бунёдкорию созандагӣ корҳои сабзу хуррамгардонӣ низ авҷи тоза гирифта истодааст.

Субҳи барвақт бо роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо бо як дили гарм ба корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани гулу буттаҳои гуногуни мавсимӣ,  тоза кардани гирду атрофи кӯчаҳои шаҳр, равшаннамоӣ кӯчаву биноҳо, насб намудани шиору овезаҳо ва рангу бор намудани хонаҳои баландошёна бо маром идома дорад.

Дар ин росто, мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб ният доранд, ки то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободониро тақвият бахшида, ин ҷашни таърихиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоянд.

Бахши мтбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code