Ситод оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Кӯлоб масъулинро ба ташаббускорӣ давъват кард   

Санаи 8-уми сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ситод оид ба корҳои ободонӣ баргузор гардид.

Дар ситод муовини якум, муовинон, дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, раисони бозорҳои шаҳр ва  инчунин як қатор соҳибкорон иштирок намуданд.

Дар ин росто, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А.И аз аъзои  Ситод ва гуруҳҳои корӣ талаб намуданд, ки корҳои ободониро вусъат бахшида, ба маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, махсусан, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҷиддӣ бинанд.

Дар охир, ҳамаи иштирокдоронро бахшида ба ҷашни 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда, ба онҳо хона ободӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои пешомадаашон муваффақиятҳои беназир таманно намуд ва ба фаъолон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code