Дар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ корҳои ободонӣ босуръат ҷараён доранд

Тибқи дарсуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо  корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ бо маром рафта истодааст.

Дар ин росто, дар шаҳри Кӯлоб бо ташббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби кормандони боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар Муҷтамаи 2700 солгаии шаҳри Кӯлоб бо як дили гарм як қатор корҳои бунёдкорӣ аз қабили чиндани сафолакҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ, такмили равшаннамоӣ ва таъмири ҷорӣ бо маром идома дорад.

Ҳамчунин, бинои Осорхонаи марказӣ рангу бор гардида, дар атрофи оромгоҳи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ корҳои кабудизоркунӣ ба итмом расонида шуд.

Чунин корҳои созандагӣ дар боғҳои Хуталон, Сайдалӣ Вализода, Исмоили Сомонӣ ва Сафар Амиршоев босуръат ҷараён доранд.

Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code