КӮЛОБРО ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСАШ ОБОДТАР МЕКУНАНД

Санаи 5 сентябри  соли 2020 дар толори Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ҷаласаи Ситод оид ба корҳои ободонӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа  муовини якум, муовинон, дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрию минтақавӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, қитъаҳои истифодабарии минзил, раисони ҷамоатҳои деҳот,  сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, раисони бозорҳои шаҳр ва  инчунин як қатор соҳибкорон иштирок намуданд.

Сараввал, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз аз шахсони масъул оид ба таъмири роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва назорати истифодаи он, ба тартиб даровардани гирду атрофи иншоотҳо, хонаҳои баландошёна ва наздиҳавлигӣ, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, равшаннамоии кӯчаҳои шаҳр, оид савдои сарироҳӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, инчунин, аз байн бурдани бегонапарастӣ пурсиш ба амал оварда, дастру дод, ки дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, корҳои сохтмониро дар  иншоотҳои банақшагирифта ҳамаҷониба роҳандозӣ намоянд.

         Инчунин, аз гуруҳҳои корӣ талаб намуданд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва тартиби шаҳрдориро риоя намудани сокинон диққати ҷиддӣ дода, сокинонро дар рӯҳияи ободкорӣ раҳнамоӣ кунанд.

          Дар охир А. Раҳмонзода, Р. Раҷабзода ва А. Вализода изҳор намуданд, ки мебояд то ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳру деҳоти Кӯлоб бояд ба кулли тағйир дода шуда, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд шуда, дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд.

Бахши матбуотӣ

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code