Корҳои созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб

       Дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷусҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ва ташаббӯси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳудуди шаҳр зебову мутараққӣ гардида, боиси фараҳмандиву хушҳолии сокинон гардида истодааст. Ин ҳама бо ташаббӯси некбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, тамоми қишри ҷомеа саҳми худро барои ободиву тозагии шаҳри худ дареғ надошта, сарҷамъу якдилона кору фаъолият намуда истодаанд.
      Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дохили шаҳри Кӯлоб асфалтпӯш гардида истодааст. Махсусан кори шабонарӯзӣ дар маҳаллаҳои Шамсиддин Шоҳин, С.Сангов, Н.увайдуллоев, Ҷумаев ва дигар маҳаллаҳо бо маром идома дорад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code