Марҳилаҳои бозии шоҳмот дар шаҳри Кӯлоб идома дорад

Санаи 21.08.2020 дар дар Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳмот” барои дарёфти ҷоми Пешвои миллат миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо масъулияти баланд, ҷиҳати сазовор гардидан ба мақоми арзанда, бо тамоми ҷаҳду талоши хосса байни худ сабқат намуданд.

Дар натиҷа ғолибон муайян карда шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Озмуни мазкур марҳила ба марҳила дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр гузаронида шуда, ғолибони асосӣ дар шаҳри Кӯлоб муайян карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҷавонон назар ба солҳои пешин ба шоҳмот зиёдтар шуғл дошта, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки номи давлату миллати худро ба ин васила боло бардоранд. Шоҳмот яке аз бозиҳои зеҳние, ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ин намуди бозӣ ҷавонону наврасони мо майл пайдо кардаанд.

 

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code