МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ МУРАББӢ ОМИЛИ РУШДИ ВАРЗИШ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

Дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб директорон ва мураббиёни Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳру минтақаи Кӯлоб аз аттестатсияи давлатӣ гузаштанд. Дар кори аттестатсия Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозоров Н.Қ – сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҳроби А. – сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонов С . – директори маркази ҷумҳуриявии методии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чунин санҷишҳо рушд ва омавияти  варзиш буда, фаъолияти мураббиёнро дар самти  касби интихобнамудаашон дучанд мегардонад. Бояд қайд намуд, ки мактабҳои варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ру ба тарақи ниҳода пайваста зери таваҷҷуҳи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ин росто, ҷавонони имрӯзаи мо ҳам варзишро пайваста тарғиб намуда, дар роҳи густариш ва вусъат бахшидани он пайваста мекӯшанд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Кӯлоб ҳам  варзиш ҳамеша дар ҳоли  рушд  қарор дошта, ҷавонон тарғибгари он мебошанд.

 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code