КӮДАКОН ОЯНДАИ МО ҲАСТАНД!

Бо ташаббуси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза миёни сокинон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шуда, ба волидон пайваста маслиҳату машваратҳо дода мешавад.
Дар ҳақиқат кӯдакон ояндаи ҳар як миллату давлат маҳсуб ёфта, таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо мақсади тарғиби ин арзишҳо Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, САҲШ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар маҳаллаи А. Ҷомӣ бо сокинон вохӯрӣ ташкил намуд. Дар рафти вохӯрӣ бо аҳолӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code