ДАР КӮЛОБ ШОҲМОТ БА БОЗИИ ДӮСТДОШТАНӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Имрӯз дар боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳмот” барои дарёфти ҷоми Пешвои миллат миёни кормандони боғ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Имрӯзҳо озмуни мазкур марҳила ба марҳила дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ҷавонон назар ба солҳои пешин ба шоҳмот зиёдтар шуғл дошта, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки номи давлату миллати худро ба ин василаи боло бардоранд. Шоҳмот яке аз бозиҳои зеҳние ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ин намуди бозӣ ҷавонону наврасони мо майл пайдо кардаанд.

Дар ҷамъбасти озмун муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён орзӯ иштирок намуда, мувофиқ ба натиҷагирии ҳайати ҳакамон ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code