Ҷавонони Кӯлоб манфиатҳои миллиро дарк намуда, масъулияти ватандориро эҳсос кардаанд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз хатарҳои муосир пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Дар ҳамин радиф ҷиҳати амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар доираи накша-чорабиниҳои алоҳида суҳбату мулокотҳои шахсони масъули Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб оиди пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварии онҳо баргузор гашта истодааст.

Чунин як мулоқот байни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шахри Кулоб баргузор гардид, ки дар рафти он мавзӯи “Ҷавон ва манфиатҳои миллӣ” баррасӣ карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code