Конференсияи сиёсӣ таҳти унвони “Буҳронҳои идеологӣ, хатарҳои геополитикӣ ва вазифаҳои аҳли ҷомеа дар пешорӯи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ”

Санаи 18.08.2020 таҳти расати муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу Конференсияи сиёсӣ таҳти унвони “Буҳронҳои идеологӣ, хатарҳои геополитикӣ ва вазифаҳои аҳли ҷомеа дар пешорӯи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар кори Конференсия муовинони раиси шаҳр, дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони ГФ Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷамоатҳои деҳот, Қитъаҳои истифодабарии манзил, муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Оид ба мавзӯи Конференсия бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзӯ ва намояндаи ГФ РКДАМ оид ба минтақаи Кӯлоб Мираков Қосимбек баромад намуданд.

Қайд гардид, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо назардошти ин хусусиятҳо чун дар арафаи Интихоботи президентӣ қарор дорем бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёрии сиёсиро ҳифз намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузорем.

Дар рафти музокира муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, ёвари сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб подполковники милитсия Сарахонов Нурулло ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ карданд.

Дар охир ба масъулини соҳаҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои баррасигардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бахши матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code