ДАР МАҶЛИСҲОИ НАЗОРАТӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Санаи 17-уми августи соли 2020 маҷлиси назоратии назди муовинони раиси шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудирони шуъбаву бахшҳо оид ба соҳаҳои дахлдор иштирок намуда аз роҳбарони соҳавӣ бо назардошти дастуру супоришҳои Раиси шаҳр барои ҳафтаи оянда дастури корӣ гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа оид ба соҳаи маънавиёт оид ба фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар ҳафт моҳи соли 2020, инчунингузаронидани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили “Шоҳмот” дар ташкилоту муассисаҳо, ҷалби бештари волонтёрон дар назди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо дар Идораи бойгонии шаҳр тариқи электронӣ, вусъат додани корҳои ободони дар шаҳр ва дигар масъалаҳои ҷорӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, ба масъулони бахши фарҳанги шаҳру минтақаи Кӯлоб дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code