ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ВОЛИДОН АЗ ТАРБИЯИ ИМРӮЗАИ ФАРЗАНДОН ВОБАСТА АСТ!

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Кӯлоб аксия дар байни ноболиғону ҷавонон ва волидайни онҳо ҷиҳати пешгирӣ аз беҳудагардии кӯдакон гузаронида шуд.

Дар рафти аксия ба кӯдакон ва волидони онҳо, ки ба беҳудагардӣ дар кӯчаю бозорҳо машғуланд ва ин раванд метавонад ба тарбияи ахлоқии ҳар кадоми онҳо таъсири манфӣ расонад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар дасти онҳо китобу дастурҳо ҷиҳати мутолиа дар вақтҳои холигӣ дода шуд.

Бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои насли наврасу ҷавон, ки асоси манфиатҳои миллиро ташкил медиҳад, аз ҳамаи волидон даъват ба амал оварда шуд, то ба тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ояндаи ободу осудаи худро аз имрӯз тарҳрезӣ кунанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code