СОКИНОН БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ЭЪТИМОД ДОРАНД!

Санаи 13.08.2020 аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №37 Вализода Абдуқодир Исуф бо сокинони деҳаҳои Чинор ва Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳана баргузор гардид.Дар рафти се вохӯрие, ки дар як рӯз баргузор гардид, шахсони боэътимоди номзад Ҳамидиён Орзу ва Зафар Мирзоён тарҷумаи ҳол ва Барномаи пешазинтихоботии Вализода Абдуқодир Исуфро ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расониданд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, фаъолони ҷамоат ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Тавре дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, Вализода Абдуқодир Исуф дар барномаи пешазинтихоботии худ рушди тамоми самту соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар назар гирифта, дар давоми фаъолияти думоҳаи хеш ба ҳайси и.в. раиси шаҳри Кӯлоб аллакай иқдомҳои назаррасеро дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба мардум ва ободонии шаҳр рӯи даст гирифтааст. Дар навбати худ сокинони шаҳр дилпурона иброз доштанд, ки Вализода Абдуқодир Исуф бо инобати таҷрибаҳои баланди роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ховалинг, Ҳамадонӣ ва Турсунзода ва омӯхтани дарси ватандӯстӣ дар мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои барномаи дарпешгузоштаро ба пуррагӣ таъмин хоҳад кард.Дар рафти суҳбат сокинон фаъолона иштирок намуда, вобаста ба ҳалли масъалаҳои дар маҳал ҷойдошта суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд ва иброз доштанд, ки дар рӯзи интихобот ба номзади арзанда овоз медиҳем.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code