КАНДАНИ ЧОҲҲОИ АМУДӢ – ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ МУАССИРИ БА ОБ ТАЪМИН КАРДАНИ АҲОЛӢ

Тавре маълум аст, яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ин пурра ба об таъмин кардани сокинон ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, тибқи таҳлилҳои мутахассисон ва таҷрибаҳои анҷомдодашуда дар аксар мавзеъҳои шаҳри Кӯлоб бо кандани чоҳҳои амудӣ оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол баровардан мумкин аст. Вобаста ба ин масъала дар шаҳри Кӯлоб, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусу дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳо оғоз гардида бо суръат ҷараён доранд.

Дар ин росто, санаи 11-уми августи соли 2020 яке аз чунин чоҳҳои амудӣ, ки як моҳ пеш дар назди Муҷтамаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб канданаш оғоз ёфта буд, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар расми ба истифода додани чоҳи амудӣ и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Иштирокчиён зимни суханронӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳидоятҳои бунёдкоронаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бояд гуфт, чоҳҳои амудӣ дар нуқтаҳое  канда шуда истодаанд, ки ҳар кадом барои  ба об таъмин намудани як минтақаи муайяни ҳудуди шаҳр равона карда мешаванд. Аз ҷумла, 3 адад чоҳе, ки айни замон дар маҳаллаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муминобод канда шуда истодаанд, барои беҳтар  намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои А.Ҷомӣ, С.Вализода, Теболай, Боғи Ҳабиб, Тудакафш, Дӯстӣ ва як қисмати маҳаллаи 1-май равона шуда, эҳтиёҷоти 7450 нафар аҳолиро қонеъ мегардонад. Кандани 1 адад  чоҳи  амудӣ дар деҳаи  Тудакафш барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани маҳаллаи 11-ум, маҳаллаи 8-ум ва маҳамаллаи А. Ҷомӣ ба об таъмин кардани 3506 нафар аҳолиро дар назар гирифтааст. Кандани 1 адад чоҳи амудӣ дар назди собиқ Таваллудхонаи вилоятӣ барои беҳтар намудани  таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои Ҷ. Алӣ, Пушкин ва бахше аз 1-май, ки  3879 нафар аҳолӣ доранд равона мешавад. Сохтмони 1 адад чоҳи амудӣ дар назди Корхонаи коммуналии шаҳр идома дошта, барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии кӯчаҳои Ҳисориён, Маҳмадӣ Ҳакимов Бозорӣ, Фрунзе ва қисме аз маҳаллаи С. Даминзода барои таъминоти об ба зиёда аз 1943 нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар ҳудуди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ кандани 1 адад чоҳи амудӣ пешбинӣ гардидааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яъне, дар марҳилаи аввал сохтмони 1 адад чоҳи амудӣ ба анҷом расида, кор дар 7 адад чоҳҳои амудӣ ҷараён дорад ва бо анҷоми онҳо наздики 20 ҳазор сокинони шаҳри Кӯлоб ба оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code