Сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ба шаҳри Кӯлоб

Санаи 7-уми августи соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Исматуллозода Ширин Исматулло ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод. Ӯро дар зимни боздид аз шаҳри Кӯлоб муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва муовинони раиси шаҳри Кӯлоб ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст, муовини Сарвазирии мамлакат аз замини наздиҳавлигии сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори деҳаи Саросиёб Зарипов Эмомалӣ дидан намуданд. Бояд гуфт, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ аз ҷониби аҳли оила ва пайвандонӣ Зарипов Эмомалӣ барои гузаронидани давраи тирамоҳу замистони имсола аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ, ки 9 сотихро ташкил медиҳад консерваҳо ва шарбатҳои мева омода намуда, инчунин боз дар таҳхонаҳои худ захираи донагиҳо аз қабили лубиё, нахуд, гандум ва ғайраҳо гузоштааст.

Ҳамзамон, мавсуф мазкур дар масоҳати 30 сотих заминҳои президентӣ хоҷагии деҳқонӣ дошта, пас аз бардоштани ҳосили аввал, кишти такрорӣ анҷом додааст. Тибқи иттилои сарвари хоҷагӣ имсол ҳосил фаровон шуд ва онҳо маҳсулоти ғундоштаашонро қисман захира карда, боқӣ ҳосилро ба мисли картошка, пиёз, каду ва ғайраро ба фурӯш бароварданд. Дар замини наздиҳавлигӣ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили нок, себ, хирмо, шафтолу ва олуболу парвариш меёбанд, ки аллакай пухта расидаанд. Сардори хоҷагӣ бар замми ин бо аҳли оила аз дастрнҷи боғи худ меваи хушк барои зимистон захира карда истодаанд.

Сипас, Исматуллозода Ширин аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ҷиҳати омодагиҳо ба соли хониши 2020-2021, рафти таъмири мактаб ва анҷом додани тадбирҳои беҳдоштӣ ҳангоми ворид шудани хонандагон ба мактаб, безараргардонидани синфхонаҳо, инчунин бе ниқоб ворид нагардидани омӯзгорону хонандагон ба мактаб дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, омӯзгорони мактаб аз замини наздиҳавлигии мактаб самаранок истифода бурда, дар он ду маротиба кишт анҷом доданд, ки маҳсули кори онҳо намоиш дода шуд.

Ҳамзамон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулозода Ширин Исматулло ба фаъолияти беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб, беморхонаи касалиҳои дил, беморхонаи касалиҳои қанд ва беморхонаи чашм шинос шуда, ҷиҳати захира аз маводҳои доруворӣ барои муолиҷаи сироятёфтагон ба каронавирус, ниқобҳои муҳофизатӣ, либосҳои муҳофизатӣ, антисептик, хлор ва дигар намуди маводҳои доруворӣ, риояи дурусти гигиенаи шахсии беморон, тарзи муолиҷаи беморон дар шароити хона ва ба ин монанд масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шоми ҳамин рӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулозода Ширин Исматулло аз боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дидан намуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсии сокинон, тақдим намудани ниқобҳои муҳофизатӣ аз ҷониби волонтёрон ва дигар тадбирҳои беҳдоштӣ ҳангоми сайри шабонаи сокинон дидан намуда, бо ситоиш аз ташкили мошинҳои сайёри таблиғотӣ вазъиятро нисбат ба дигар манотиқ беҳтар арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати бо ҳам беҳтар намудани кор дар ин самт тавсияҳои муфид доданд.

Бо ҳамин сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Исматуллозода Ширин Исматулло ба шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code