Иҷрои “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” таъмин карда мешавад

Рӯзи 3- уми августи  соли 2020 дар толори Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи навбатии Кумитаи шаҳрии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, ки аз 17 нафар иборатанд, иштирок намуданд.

Ҷаласаро раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод Бурҳон кушода масъалаҳои дар ҷаласа гузашташударо баррасӣ  намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Кумитаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи моддаи  11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” таъсис дода шудааст. Кумитаи шаҳрии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо таҳияи қарорҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда ва ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ бобати муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳамкории сетарафа таъсис дода шудааст.

Инчунин, ӯ таъкид намуд, ки аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ фаъолияти мақомоти меҳнат ба шуғли аҳолӣ, ташкилоту муаассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон дар самти бекортаъминкунии аҳолии бешуғл ҳамоҳанг сохта, оид ба мукаммал кардани механизмҳои таъмини бозори меҳнат тавсияҳо таҳия карда, амалӣ гардидани “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”-ро таъмин намоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code