Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи хизматчиёни давлатӣ

Имрӯз дар толори Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ ҷиҳати рушди фаъолияти ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор карда шуд.

Дар кори семинари омӯзишӣ мудири  бахши назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Азимзода Гуландом, мудири бахши назорат ва муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Шарифзода Сафарбек, сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон  Алимов Наврӯз,  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Ҷалилов Хайрулло ва  дигар масъулон иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур вобаста ба тартиби дурӯст ба роҳ мондани фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ ва риояи дастурамали коргузорӣ, ба низом даровардани парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои воридотиву содиротӣ дарс гузашта шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code