ТАБРИКОТИ и.в. РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ВАЛИЗОДА АБДУҚОДИР ИСУФ БАХШИДА БА ИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз,

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлобро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон табрику муборакбод намуда, барои ҳар як хонадон осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамояд.

Боиси хушбахтист, ки имрӯзҳо таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди буҳронҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, дастархони мардуми кишвар пурнозу неъмат буда, дар бозорҳоямон ҳамаи навъи маҳсулот фаровон аст. Аммо дар ин замона набояд мо шукри неъматро аз хотир дур сохта, ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ диҳем ва ба ҷойи савоб гуноҳони зиёдро дар дафтари аъмоламон сабт гардонем.

Тавре огоҳед, имсол иди Қурбонро дар даврае истиқбол гирифта истодаем, ки тамоми сайёраро бемории каронавирус фаро гирифта, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон чораҳои пешгирикунанда роҳандозӣ гардидаанд. Дар ин росто, хонаи Каъбаро, ки ҳамарӯза зиёратгоҳи миллионҳо мусалмонони ҷаҳон, хусусан дар мавсими ҳаҷ буд, карантин намуда,  маросими фарзии ҳаҷи мусалмонон имсол манъ карда шуд. Зеро барои мусалмони комил азимтарин гуноҳ ин дидаву дониста ба хатар андохтани ҷони хеш аст. Ба ин хотир, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон низ баргузор намегардад. Инчунин, идгардаки кӯдакон ва хонагаштаки калонсолон ҳам дар чунин шароит тавсия дода намешавад.

Медонем, ки яке аз фазилатҳои бузурги иди Қурбон ин накӯкорӣ ва хайру сахо ба ҳисоб меравад. Вале агар мо қоидаҳои беҳдоштиро риоя накунем ва ба дасти кӯдакон ба хонадони ҳамдигар вируси марговар фиристем, ё худ аз хона ба хона бо нияти дуо давр зада ҷисми худро ба вирус олуда созему ин олудагиҳоро, ки боиси беморӣ ва ҳатто марги хешу наздиконамон мешавад, гирифта ба хонаашон барем, магар аз рӯи дину имону виҷдони инсонӣ аст?!

Ба ин хотир, аз кулли сокинони бомаърифати шаҳри Кӯлоб эҳтиромона хоҳиш дорем дар рӯзи иди Қурбон бо сабру таҳаммул бошанд, ба зиёдаравию худнамоӣ, ки хоси дини Ислом нест, роҳ надиҳанд ва идро дар доираи оила ҳамроҳи фарзандон дар хонаи худ истиқбол гиранд.

Бигзор иди Қурбон ба хонадони сокинон шаҳри Кӯлоб файзу неъмат ва шодиву нишот оварда, аз баракати хиради баланди ҳар кадомамон ҳама гуна ранҷу офат аз зиндагиву рӯзгори мардуми кишварамон дур гардад.

Иди Қурбон муборак бошад!

                                    30.07.2020, шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code