Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва барҷомондагон зери назорати давлату ҳукумат қарор доранд.
Чунин иқдом аз ҷониби нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» бо 2- нафар ятими кул ва ба 28 нафар нимятим ба маблағи аз 300 то 500 сомонӣ ба ҳар як яки онҳо кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.
Кӯмакҳоро сармуҳаррири нашрияи ҷумҳуриявӣ «Народная газета» Маҳбуба Камолова, ки худ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳри Кӯлоб мебошад, дастрас намуд.
Чунин иқдом аз ҷониби нашрияи ҷумҳуриявии «Народная газета» дар арафаи ҳамаи иду ҷаншнҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад.
Бахши матбуотӣ