Консервакунонии меваю сабзавот қадаме ба таҳкими амнияти озуқаворӣ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ аз ҷониби бонувони ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб қоидаҳои дурусти тайёр намудани консерваи меваю сабзавот  ба роҳ монда шудааст. Ин боис мегардад, ки ба миқдори зарурӣ маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза барои давраи тирамоҳу зимистон захира карда шавад.

Вобаста ба ин, аз Шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ инчунин  оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол тавсияҳои судманд доданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code