ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕЪ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ИНТИХОБ ГАРДИД

КӮЛОБ. Санаи 28 июли соли равон маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Латифзода Асрор, и.в Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, вакилони ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуда ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва Раёсат тағйирот ворид карда шуд.

Дар идома муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ба сухан баромада, таклиф намуд, ки Ҳамидиён Орзу бино бар сабаби ба вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуданашон аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ озод карда шавад. Таклиф қабул гардида,  Ҳамидиён Орзу барои хизматҳои арзандааш дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб сарфароз гардонида шуд ва дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно гардид.

Инчунин, бо ризоияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Шарифзода Гулрухсор-муовини ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод гардида, якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code