БА ЗАНОНИ ҲУНАРМАНД МОШИНАИ ДАРЗДӮЗӢ ТАҚДИМ КАРДА ШУД

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ, Ташкилоти ғайритиҷоратии бунёди Tdh Terre des hommes бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда истодааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеъа мебошад.

Бо ин мақсад санаи 24 июли соли ҷори бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳакимова Фарзона, баҳодиҳандаи лоиҳа Шарипова Малика, ҳамоҳангсози лоиҳа Сангова Саодат, ёварони лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” Маҳмадалиева Меҳрубон, Шарбатов Далер ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Раҳмонов Икром бо мақсади дастгирӣ намудани чунин занон ба 6 нафар, 6 адад мошинаи дарздӯзӣ туҳфа карда шуд, ки дар оянда ҳунару истеъдоди худро сайқал диҳанд ва аз ҳисоби ҳунари худ рӯз гузаронанд.

Ёдовар бояд шуд, ки занон дар аввали соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб, “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ва Ташкилоти ғайритиҷоратии бунёди Tdh Terre des hommes аз рӯи ихтисоси дузандагӣ ба курсҳо фаро гирифта шуда буданд.

Дар баробари ин ба ин занон боз 10 метр дока ва 5 метр резин иқдом карда шуд, ки аз он ниқобҳои муҳофизатӣ омода намуда, ба дигарон ройгон тақдим карда диҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code