Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ

Санаи  21 июли соли 2020 дар назди бинои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру минтақаи Кӯлоб ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

        Дар ярмаркаи мазкур намояндагони шуъбаҳои кадрии ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Муъминободу Восеъ иштирок намуданд.

         Ҳамчунин дар ярмара 73 ҷойҳои кори холӣ пешниҳоди довталабон гардида, дар ин замина 12 нафар роҳат барои корро гирифтанд. Инчунин 34 нафари дигар ба курсҳои омӯзишии консервабарорӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ ҷалб гардиданд.

         Баҳри таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор масъулин ҳамарӯза корбарӣ намуда истодаанд.

                                                                   

                  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code