МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи сеюм), маоши мансабӣ – 1364 сомонӣ;
  2. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи сеюм), маоши мансабӣ – 1364 сомонӣ;
  3. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

4.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

5.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ-           1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

6.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана -1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

7.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор-           1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

8.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

9.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

10.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 984 сомонӣ;

11.Сармутахассис-омори Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби 984 сомонӣ;

12.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби 984 сомонӣ;

13.Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ;

14.Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Кӯлоб –   1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 804 сомонӣ;

Барои иштирок дар озмун  ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

 –  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мудири шуъба

таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

       Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code