Сафари Сарвазири мамлакат ба шаҳру Кӯлоб

Тибқи нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи шиносоӣ аз корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода санаи 11- июли соли равон бо сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб  ташриф овард.

Зимни сафари корӣ ҳангоми аз шаҳри Кӯлоб гузаштан аз рафти корҳои кишоварзии Кооперативи тиҷоратӣ – истеҳсолиии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии Ҷамоти Зиракӣ, ки роҳбараш Абдуҷаббор Зардиев ҳаст, дидан намуд. Тибқи маълумоти роҳбари кооператив айни ҳол дар заминҳо ҳосил фаровон аст.  Дар кишти такрорӣ дар масоҳати 2 га лубӣ, 2 га гулкарам ва дар 1 га бодиринг коридаанд.  Дар ҳудуди хоҷагӣ, ки то ба имрӯз 2 га гармхонаҳо бунёд шуда, дар заминҳои назди гармхонаҳо 2 га боғи ангур бунёд кардаанд ва ният доранд, ки онро ба 3 га расонанд. Аллакай, пиёзи барвақтиро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш бароварданд. Бахри кишти такрорӣ, инчунин дар майдони 10 га замин шолӣ коридаанд.

Қобили зикр аст, ки кооперати тиҷоратӣ -истехсолиии Ҳамадонии  шаҳри Кӯлобро хоҷагидори маъруфи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Зардиев ба уҳда дорад.

                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code