Ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2020

Имрӯз (09.07.2020) дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифагузорӣ барои семоҳаи сеюми соли равон доир гардид. 

Дар кори маҷлис ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои тандурустии шаҳр, имомхатиби масҷиди марказӣ, инчунин сардухтури шуъбаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб–Ғаюров Садриддин, сардухтури Беморхонаи вилоятии ба номи А.Ҳақназаров – Атоев Давлаталӣ, сардухтури Беморхонаи эндокринологии минтақаи Кӯлоб – Хайридинов Хайрулло, сардухтури Беморхонаи дил дар минтақаи Кӯлоб – Хоҷаёров Даврон, сардухтури Беморхонаи чашм дар минтақаи Кӯлоб – Файзов Сайфулло ва васоити ахбори омма иштирок доштанд

Маҷлисро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. оғоз намуда, баъди шинос намудани рӯзномаи маҷлис, суханро ба муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С. баҳри ироаи ҳисобот, доданд.

Исмоилзода С.-муовини раиси шаҳр натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли 2020 таҳлил намуда, назди иштирокдорон гуфта гузашт.

Баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. фаъолияти шашмоҳаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоршҳои мушаххас доданд.

Инчунин оид ба иҷроиши андоз, пардохти барқ, таъмири роҳҳо, таъмиру сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, вусъат бахшидани ҷойҳои нави корӣ, равшаннамоии кӯчаву маҳаллаҳо, обтаъминкунии аҳолӣ, назорат ва роҳҳои пешгирикунандаи хуруҷи бемории коронавирус (covid-19), корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  ва дигар масоили мавҷуда натиҷагирӣ намуданд.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз низ баромад намуда, ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобида, баҳри дар якҷоягӣ барои ободиву зебогии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудан, масъулинро тавсия намуданд.

Дар охир бо назардошти таклифу пешниҳодҳои музокирачиён лоиҳаи қарор қабул карда шуд.

                                                                                                          Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code