Сафари Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон ба шаҳри Кӯлоб

 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Виранҷ Сингх ҳамроҳ бо котиби дуюми Сафорат Абдул Самӣ бо як сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва муовинони раиси шаҳр дар даромадгоҳи шаҳр истиқбол намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Виранҷ Сингх бо раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доктор Мирализода Абдусалом вохӯрӣ анҷом дода, оид ба ҳамкориҳои дуҷониба мулоқот баргузор намуданд.

Дар ростои ин сафар Сафир ҳамчунин аз марқади Мир Саид Алии Ҳамадонӣ зиёрат намуда, аз осорхона ва Шаҷарасанги  назди оромгоҳи алома  дидан намуд ва соядасти худро дар дафтари хотироти меҳмонон гузошт.

Дар ҷараёни сафар меҳмонон аз  Мучассамаи 2700-солагии Кӯлоб ва Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб боздид анҷом дода, ба осори таърихии мардуми куҳандиёри Кӯлоби бостонӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Бо ҳамин сафари корӣ анҷом ёфт.

                                                                           Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code