ИФШОИ РОЗҲОИ НУҲУФТАИ НАҲЗАТ ДАР ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ «ХИЁНАТ»

Дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Парвиз, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар ва Ҳамидиён Орзу Конференсияи вилоятии илмию-амалӣ таҳти унвони Ифшои розҳои нуҳуфтаи наҳзат дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид.

Дар кори Конференсия муовинони самти идеологиву иҷтимоии шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб, мудирони шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, таҳлилию иттилоотӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, имомхатибони масҷидҳои минтақаи Кӯлоб, раисони маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб, аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат», ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва қисман раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, собиқадорони меҳнат, адибон, ҳамзамон намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

         Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, муҳтавои мавзӯи баррасишавандаро ба иштирокдорон шарҳ дода, ба баромадкунандагон таклифи сухан намуд.

         Дар идома, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадзода Парвиз дар мавзӯи «Ифшои фаъолиятӣ ҷиноятӣ ва инъикоси амалҳои ғайриинсонии аъзои ТЭТ ҲНИ дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баромад намуда, фаъолияти тахрибкоронаи ҳизби мамнуъи ба ном исломиро шарҳу тавзеҳ дод. Қайд намуд, ки ин гуруҳи ҷинояткор, ки худрои мусалмон метарошанду қалбҳои манфур доранд ва тавасстути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ақидаҳои ғаразноки худро ба мафкураи ҷавонон ҷой диҳанд. Вале хушбахтона имрӯз тамоми кирдорҳои бадҷаҳлонаи ин гуруҳи хиёнаткор-ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба мардуми Тоҷикистони азизамон ошкор гардидааст ва ҳамагон хиёнатҳои онҳоро дарк намудаанд. Ҳеҷ яки мо соҳибони ин Ватан, ин сарзамин намегузорем, ки касе ба сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон бо чашми бад нигарад ва ё мақсади ғаразноки худро ҷой диҳад.

Баъдан мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф дар мавзӯи «Хиёнаткоронро бояд шинохт!» баромад намуд. Номбурда дар баромади худ иброз намуд, ки «Авзои зудтаъғирёбандаи ҷаҳони муосир ва торафт вусъат гирифтани фаъолияти неруҳои носолим дар хориҷи кишвар ҳар як роҳбари воҳиди сохтори давлатиро ба ҳимоия амнияти ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ки бо заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, водор месозад. Бояд мо дар ин самт бетараф набошем ҳар лаҳза ба муқобили хоинони миллат мубориза барем».

         Ҳамчунин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар мавзӯи «Донистани ҳақиқати таърихӣ масъулияти ҳар яки мост» баромад намуд. Иброз дошт, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб як ниҳоди пурқудрати идеологӣ аз ҳисоби шахсиятҳои донишманду фарҳангӣ ва ватандӯст ташаккул ёфтааст, ки бо роҳи дуруст сафарбар кардани ин нерӯи созанда метавонем дар роҳи татбиқи сиёсати иттилоотӣ саҳми бештар гузорем.         

Дар ҳамин замина, ховаршинос Зафар Мирзоён дар мавзӯи «Ҳизби наҳзати ислом, ҳизби террористию экстремистӣ», шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода дар мавзӯи “Саҳми адибони Хатлон дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, сархатиби масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Кӯлоб ба номи Имоми Аъзам Ҳайдар Шарифзода дар мавзӯи «Хиёнат аз нигоҳи дини мубини ислом» ва дигар шахсони расмӣ баромад намуда, амалҳои нангини ТЭТ ҲНИ-ро бо далелҳои амиқ маҳкум намуданд.

                                                                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code