Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб

Санаи 30 июни соли 2020 дар 4 ҷамоати деҳоти шаҳри Кӯлоб Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф доир гардид.

Дар кори иҷлосияҳои ҷамоатҳо инчунин муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳо, вакилони ҷамоатҳо, имохатибон ва имомони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои ҷамоатҳо ширкат доштанд.

Нахуст, дар ҷамоати деҳоти Даҳана, маҷлиси вакилони ҷамоат доир карда шуда, масъалаҳои «Рафти иҷрои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Иҷрои ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии №15» шунида шуд.

Баромадкунандагон вакилони Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Даҳана буда, масъалаҳои мазкурро дар сатҳи ҷамоат пурра шарҳу тавзеҳ намуданд.

Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ  низ иштирок намуд.

Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои «Рафти иҷрои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Соҳаи аграрӣ ва шуғли аҳолӣ» аз ҷониби вакилони ҷамоат пешкаши шунавандагон гардонида шуд.

Давоми рӯз, ҳамчунин иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор низ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. баргузор гардид.

Дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб оид ба масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Рафти таъмири муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дар ҳудуди ҷамоат» гуфта гузаштанд.

Дар ҷамоати деҳоти Зарбдор бошад масъалахои  «Рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ба раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои ҷамоатҳо, имомхатибон ва имомон оид ба ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар сатҳи ҷамоат гуфта гузашта, таъкид доштанд, ки ба соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии андоз ва дигар самтҳои муҳими хочагии халқ аҳамияти хосса намуда, иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлобро сари вақт ва тибқи талабот иҷро намоянд.

Давоми рӯзи 30 июни соли чорӣ дар чор ҷамоати деҳоти Кӯлоб Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд.

                                                                             Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code