Ифтитоҳи иншоотҳо ба муосибати рӯзи Ваҳдати миллӣ

         Санаи 27 июни соли 2020 бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф се адад иншоотҳои ҳаётан муҳим, ки ба ифтихори сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буданд, дар рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

         Дар маркази шаҳр маркази савдои «Ёвар»  ифтитоҳ  гардид, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, иборат аз ҳама гуна маҳсулоти озуқаворӣ мебошад. Ин иншооти мазкур метавонад баҳри сокинони шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон ба таври шабонарӯзӣ хизматрасонӣ кунад. Сокинон аз он хушҳоланд, ки ҳама гуна маҳсулоти истеъмолии худро аз ин нуқтаи фурӯш дастрас карда метавонанд.

         Давоми рӯз, инчунин дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб майдончаи варзишии замонавӣ, ки аз ҷониби соибкори шахри Кӯлоб Нозимов Ғайратшо баҳи сокинони деҳа таъсис додааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

         Ҳамчунин дар деҳаи Навободи ҳамин ҷамоат як адад мағозаи хурокворӣ низ ба истифода дода шуд, ки то ба ифтитоҳи ин мағоза сокинони деҳа баҳри дастрасии маодҳои хӯрокворӣ ба маркази шаҳр ва ё дигар деҳоти атроф мерафтанд.

         Сохтмони чунин иншоотҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маром идома ёфта истодааст.

                                                                                                                                         Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code