ТАБРИКОТИ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз, сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоби бостонӣ!

Санаи 27-уми июн барои ҳамаи мо шаҳрвандони хушбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи муқаддас ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1997 бо ташаббус ва ҷаҳду талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷафокашидаи Тоҷикистон ба Ваҳдати комил даст ёфт ва маҳз дар ҳамин рӯз Ваҳдати миллӣ ба рамзи воқеии худшиносии миллати тоҷик ва ҷавҳари фалсафаи иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар мубаддал гардид.

Таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои пурдаҳшати солҳои навадуми асри гузаштаро, ки сангинтарин мусибатҳоро ба сари мардуми Тоҷикистони тозаистиқлол оварда буд, фаромӯш намекунад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд он рӯзҳое, ки душманони дохиливу хориҷии давлати тозабунёди тоҷикон тамоми ҷаҳду талоши худро ба он равона сохта буданд, то Тоҷикистонро бо дасти як зумра фарзандони раҳгумзадааш аз харитаи дунё ба пуррагӣ нест намуда, ин миллати озодаро дубора дастнигар созанд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз миллати тоҷик ба як пешвое ниёз дошт, ки тавонад халқу кишварро аз вартаи ҳалокат ба сӯи роҳи пурнуру саодат ва озодиву ободӣ раҳнамоӣ кунад. Дар чунин марҳилаи тақдирсоз миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон фарзанди бонангу номус ва ҷонфидову сарсупурдаи Ватанро дарёфта, дар атрофи он муттаҳид гардид. Яъне, ин миллати ҳазорҳо сол роҳгумкарда дигарбора рисолати таърихии худро шинохт ва роҳи пурифтихори худро пайдо намуд. Миллати тоҷик, ки дар гузашта ду бор ба ҷаҳониён тамаддун дода буд, бо раҳнамоиҳои Пешвои хирадманди худ дигарбора ҷавҳари тамаддунофариашро ба кор бурд ва ба ҷаҳониён тамаддуни нави ваҳдатофариро тақдим кард.

Дар ростои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ давлати навини тоҷикон таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ба сифати ҳадафҳои муҳимму стратегӣ қабул намуд. Дар ин миён тақсими заминҳои Президентӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ мо мардуми муттаҳидгардидаро ба таъмини амнияти озуқаворӣ муваффақ гардонид. Бунёди пулу нақбҳо, кушодани роҳҳои оҳану хатсайрҳои ҳавоӣ ва бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди сатҳҳои байналмиллаливу маҳаллӣ дар саросари кишвар моро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун кард. Ба кор даровардани ду агрегати НБО Роғун, бунёди НБО Сангтуда ва даҳҳо нерӯгоҳҳои дигари хурду бузург моро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ хеле наздик кард. Бо инобати чунин дастовардҳои бузурги таърихӣ мо ба марҳилае ворид гардидем, ки метавонем дар муддати кутоҳ саноатикунонии босуръати кишварро таъмин намоем.

Имрӯзҳо маҳз аз файзи Ваҳдату сарҷамъии миллат пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардида, мо халқи сарбаланд ба марҳилаи нави тамаддунофарӣ ворид шудем. Маҳз аз баракати Ваҳдати миллӣ буд, ки халқи бонангу номуси тоҷик ба ҳам омада, корҳои созандагиву ободониро вусъат бахшида истодааст.

 Айни замон, ки дар пешорӯи 30-солагии  Истиқлолияти Ватани азизамон қарор дорем рисолати аслии мо созандагиву бунёдкорист! Боварии комил дорем, ки мардуми баору нанги шаҳри Кӯлоб аз хурд то калон дар ин ҷабҳаи бузурги ватансозӣ баҳри ободии хонаву маҳал ва шаҳру кишвари хеш ҳамарӯза саҳми арзанда гузошта, пояҳои Ваҳдати миллиро мустаҳкамтар мегардонанд.

Ваҳдати миллӣ ва суботу оромии кишвар барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш мебошад. Мо фарзандони бошарафи ин диёр, бояд Ваҳдати миллӣ ва сулҳу сафоро чун гавҳараки чашм муҳофизат намуда, ин атои беназири таърихиро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми шаҳри Кӯлоб аст, ки санаи 25.06.2020 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 бо қарори дахлдор аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки ин туҳфаи арзанда барои сокинони шаҳри Кӯлоб дар пешорӯи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб таҳия шуда, барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри азизамон 221 лоиҳа ба маблағи 6,9 миллиард сомонӣ тасдиқ гардидааст.

Бо хушҳолӣ аз ин дастоварди олӣ, дар охир ҳамаи Шумо хурду бузурги шаҳри Кӯлобро ба фарорасии ҷашни пурифтихори Ваҳдати миллӣ табрику шодбош намуда, ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, хонаи обод, рӯзгори босаодат ва дар анҷом додани рисолати бузурги ватандориву ватансозӣ барору комёбҳои беназир таманно менамоем.

Ҷашни Ваҳдати милли муборак бод ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code