Ифтитоҳи иншоотҳои ниёзи мардум дар шаҳри Кӯлоб

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ба ифтихори 23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ  якчанд иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ  карор дода шуд, ки дар рафти кушодашавӣ намояндагони макомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу иштирок намуданд.

Дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана  пойгоҳи обтаъминкунӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва сокинони деҳа ба истифода дода шуд, ки бо зарфи ғунчоишаш 25-тонна 192-хоҷагии маҳалларо ба таври шабонарӯзӣ бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд.

Ин иқдоми нек дар дигар маҳалла ва деҳаҳои шаҳри Кӯлоб низ амалӣ гардида истодааст.

Дар деҳаи Мирнишини худуди ҷамоати деҳоти Даҳана   аз тарафи оилаи Сироҷовҳо барои таъмини аҳолӣ об пойгоҳи обтаъминкунӣ таъсис дода шуда, бо қубурҳои обкашонӣ 262 хоҷагӣ деҳаро ба таври алоҳида дар арафаи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намуд, ки аҳолӣ аз ин иқдоми шоиста изҳори хушнудӣ намуданд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони деҳа ба таври шабонарӯзӣ аз ин оби тоза истифода баранд.

Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонию созандагӣ сокини деҳаи Лавоваи  ҷамоати номбурда Ташрифова Давлатбӣ маблағҳое, ки барои иҷрои яке аз фарзиятҳои динӣ, яъне сафари ҳаҷ ҷамъоварӣ намуда буд, онро дар ободии деҳа масраф намуд.

Азбаски аҳолии деҳаи Лавова барои бештари эҳтиёҷоти худ ба маркази шаҳр ташриф меоварданд, акнун инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳаи мазкур фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, мағозаи хӯрокворӣ, сартарошхона, корхонаи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои маишӣ ба истифода дода шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ низ чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ дар сатҳи баланд чараён дошта, аз ҷониби соҳибкорон амалҳои хайру савоб ва нуқтаҳои савдо рӯӣ кор омаданд.

Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷумахон Шоев бошад дар назди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ мағозаи маводҳои хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сартарошхона, маркази хизматрасонӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, соҳибкорону суховатмандон ва дигар шахсони созандаву бунёдкор бо маром идома дошта, то ба таҷлили ҷашни пурифтихори миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳусни шаҳри маҳбубамон зебогиву тараққиёти куллӣ зам хоҳад гардид.

Бахши матбуотӣ

.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code