Баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб (даъвати шашум)

Санаи 24 июни соли ҷорӣ дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб (даъвати шашум) бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф баргузор гардид.

         Дар кори иҷлосия ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, занони собиқадор, намонядагони васоити ахбори омма ва инчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.

        Кори иҷлосияро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод Бурҳон пеш бурда, баъди садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани ҳайати котибот бо тарафдории вакилон кори иҷлосия оғоз гардид.

        Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

        1.Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»;

  1. Пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии №37 – Зоғаков Фарҳод Назирович;
  2. Таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №37 ба ҷойи вакили хориҷшуда;
  3. Таъсиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ба ҷойи вакили хориҷшуда;

        Инчунин як қатор масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар Раҳим дода шуда, номбурад оид ба нақш зан дар ҷомеа ва фаъолияти занон дар шаҳри Кӯлоб гуфта гузашт. Дар баробари ин як қатор вакилон аз қабили Маҷидова Кенҷамо Афғоновна, Ҳакимова Фарзона, Ҳафизова Саида низ аз рӯйи масъалаҳои дар рӯзнома ҷойдошта баромад намуданд.

Ҳамчунин роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Садиров Баҳром оид ба масъалаи таъину озоди кадрҳо дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфта гузашт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф низ суханронӣ намуда, баҳри тақвият додани тартиби баргузории иҷлосияҳо, мукаммал намудани масъалаҳои баррасишаванда,  таҳлилу санҷиши амиқи соҳаҳо аз ҷониби комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ гуфта гузашт. Инчунин дар охири суханронии худ вакилон ва иштирокчиёни иҷлосияро бо фарорассии 23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуд.

Дар фарҷоми иҷлосия, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Исмоилзода А.А. кори иҷлосияро қаноатбахш ҳисобида, фаъолияти пурсамар ва софдилонаву содиқона кор карданро ба вакилон тавсия намуд. Дар баробари ин иброз намуд, ки вакилон дар самти пешгирии фавти модару кӯдак, ҷинояткорӣ миёни занон бештар корбарӣ намоянд.

Бо ҳамин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

                                                                         Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code