Барқарорсозии майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб

Дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб майдончаи варзишӣ барқарорсозӣ гардид.

Майдончаи варзишии маҳаллаи мазкур тибқи маълумоти додаи сокинон чанд сол боз бо саббаи боришоти зиёд валангор гардида, дар ҳолати корношоям қарор гирифтааст.

Тибқи муроҷиати шифоҳии сокинони маҳалла ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оиди  масъалаи мазкур дастури роҳбарият ба шахсони масъул дода шуда, дар натиҷа давоми як рӯз майдончаи варзишии маҳаллаи А.Ҷомӣ тавассути техникаҳои лозима ба пуррагӣ ҳамвору дуруст  карда шуд, ки ҷавонони маҳалла аз ин ғамхориву дасатгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамчунин сокинони маҳалла иброз намуданд, ки мо ҷавонон кушиш менамоем, ки баҳри солимии ҷомеа пайваста ба варзиш рӯй оварда, ҳамчунин ба қадри чунин ғамхориву дастгириҳои давлати азизамон расем.

Айни замон ҷавонон дар майдончаи варзишии маҳаллаи худ бе ягон мушкилӣ ба футболбозӣ шуғл меварзанд.

                                                                                                                                              Бахши матбуотӣ    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code