Нахустин фаъолияти кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф

Қисми дуюми рӯзи 08.06.2020 аз ҷониби Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода раиси навтаини шаҳри Кӯлоб бо фаъолони шаҳр шинос карда шуд.

 Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф баъди шиносоӣ корро аз омӯзиши вазъи муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр ва деҳоти Кӯлоб оғоз намуда, то саннаи 09.06.2020 бо ҳолати воқеии биноҳо, таҷҳизотҳо ва фаъолияти кории кормандони тиб шинос гардид. Давоми ҳамин рӯз роҳбарияти шаҳр ҳамчунин ба аёдати собиқдорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб аз қабили Мирзо Бекматов, Саидов Салим, Иброҳимов Исмоил, Қурбонов Асадулло ва Абдуҷаббор Зардиев рафта, бо омӯхтани таҷрибаи бойи ин пирони кор аз онҳо баҳрабардорӣ намуд.

  Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. И. зимни аёдати худ аз собиқадорони ҷангу меҳнат барои хизматҳои шоистаашон дар назди давлату ҳукумат изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, қайд доштанд, ки мо баҳри расидан ба чунин номи пуршараф-собиқадори ҷангу меҳнат тамоми масъулияту заҳмати худро дареғ намедорем. Баҳри ободии шаҳри Кӯлоб, бозҳам беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, аз байн будани вабои аср-коронавирус (Covid-19) дар якҷоягӣ бо мардуми меҳнатқарину заҳматкаши Кӯлобшаҳри бостонӣ софдилона кору фаъолият менамоем.

Тибқи дастуру ҳдоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша бо таваҷҷуҳи хоса барои ободии шаҳри Кӯлоб изҳори назар менамоянд, моро водор месозад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатамон якдилонаву сарҷамъ бо шумо муваффақони ҷодаи кору хирад фаъолияти сарҷамъ дошта бошем.

                                                                  Мудири бахши матбуотӣ

                                                             Шокирҷони Карим

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code