Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба сокинони шаҳри Кӯлоб

         Муҳтарам сокинони бо ору номуси Кӯлобшаҳри бостонӣ! Дар раванди давлатдорӣ, хусусан вазъи кунунӣ  падидае рӯи кор омад, ки натанҳо Точикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро такон дода, боис гардид, ки мардуми сайёра ба ин хатари нобаҳангом таваҷчуҳ зоҳир намоянд ва аз ин вабои аср-коронавирус (Covid-19) ҷомеаи худро эмин доранд.

         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ аз ин падидаи хатарафзо аз ибтидо муқобилиятро оғоз намуда, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (Covid-19) бо роҳбарии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода таъсис дода шуда, имрӯз бо таваҷчуҳи хосса ситод миёни аҳолӣ фаъолияти шабонарӯзии худро амалӣ намуда истодааст.

         Хамагон шоҳиди ҳол ҳастем, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари коронавирус чи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва чи аз ҷиҳати иҷтимоӣ осеб дида, баҳри баромадан аз ин хатари нобаҳангом тамоми усулу воститаҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд.

         Имрӯз роҳбарияти Олии малакат ғамхориву назоратро дар самти мубориза бо пандемияи нав-Covid-19 зери таваҷҷуҳи қатъӣ қарор дода, баҳри дастгирии табибон, беморон ва дигар қишри осебпазири ҷомеа кӯмакҳои ғизоиву дорувориро ба таври лозима дастрас гардонида, ҳамчунин табобати ройгонро дар миқёси ҷумҳурии азизмаон баҳри гирифторони бемории коронавирус расман бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ин ҳама боиси таҳсину офарин ва шукургузорӣ аз фазои орому осудаи давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Ҳамаи мо бояд огоҳ бошем, ки дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди доимамалкунанда доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият дорад ва то имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Бозору нуқтаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум, фаъолияти рӯзмарраи нақлиётҳои мусофиркаш, беморхонаву марказҳои саломатӣ, дорухона ва дигар муассисаҳои хизматрасон зери назорати доимӣ қарор дошта, аз сокинони шаҳр эҳтиромона хоҳиш дорем ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос бовар накунанд. Дар ҷойи кор, нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти суҳбат ва гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоед. Ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо даст салом накарда, фосилаи муайянкардаи табибонро риоя намуда, баъди дар кӯчаву боғҳо сайругашт кардан дастони худро бо собун ё маҳлули антисебтикӣ  безарар гардонед. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии амиқ дошта, иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд. Вобаста ба вазъи мавҷуда насли калонсол махсусан омӯзгорон, адибону аҳли ҳунар, бонувону фаъолзанон ва рӯзноманигорон вазифадоранд, ки дар тарғибу риояи дастури табибон бештар масъулиятшинос бошанд. Шумо  падарону модарони гиромӣ! Фарзандонро дар хона нигоҳ доред, ба тозагии хонаву манзили зист, муҳити атроф бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тарзи ҳаёти солимро риоя ва ташвиқ намоед.

Ҳамчунин ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки ҳамаи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як шахси муроҷиаткунанда сари вақт кӯмаки аввалия расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд. Ҳамзамон, табибони оилавӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб телефонҳои боварӣ (2 22 33; 2 35 37; 2-02-89) фаъол буда, шаҳрвандон метавонанд ба воситаи ин рақамҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба шахсони масъул муроҷиат намоянд.

         Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо заковату бузургдилии худ дар мавриди таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва истифодаи самаранок аз ҳар порча замин, бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи таъминоти рӯзгор баромад намуда, таъкид доштанд, ки мову шуморо зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии худро оқилона истифода бурда, бо ин васила хароҷоти рӯзгорамонро камтар ва вазъи иқтисодии оилаамонро беҳтар намоем. Бинобар ин, зарур мешуморем, ки  дар заминҳои наздиҳавлигӣ маҳсулоти кишоварзиро  кишт намуда, бо ҳосили заҳмати худ як қисмати талаботи рӯзгоратонро таъмин намоед. Ҳамчунин ҳамагонро зарур аст, ки ин иқдомро дар меҳвари таваҷҷуҳ хеш қарор диҳанд.

   Дар ин холатхои хассос, ки вокеан барои баъзе гуруххо манфиатбахшу муфид аст ва бо хадафхои гаразнок истифода мешавад, бояд хар як сокини мамлакат, махсусан чавонон, ки аз истифодаи расонахои муосири иттилооти бархурдоранд, вокеъбинона муносибат кунанд ва ба хар гуна овозаву гуфтахои беасос хамрох нашаванд. Боварии комил дорем, ки тахти сиёсати дурусти Хукумати Точикистон ин вабои аср  муваффаккона паси сар мешавад ва бо шароити қаблии худ ба пуррагӣ бармегардем.

         Бо эҳтиром!

                             Иҷрокунандаи вазифаи

                              Раиси шаҳри Кӯлоб                                                              Вализода Абдуқодир Исуф

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code