“ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ”

Бо дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар мубориза бар зидди ин бемории дунёгир-Коронавирус (Covid-19) пайваста ба муассисаҳои тандурусnӣ кӯмаку дастгирии хешро расонида истодаанд. Кӯмаки навбатии соҳибкори ватанӣ Шамсуло Соҳибов таҳти шиори “Шифо ва ҳамдалӣ” ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дастрас гардид. Кӯмаки мазкур иборат аз маводи гуногуни доруворӣ, таҷҳизотњои муосири тиббӣ,  либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон дар ҳузури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба идораҳои тандурустии шаҳр дастрас карда шуданд.

         .Дар ҳамин замина бо мақсади таъмини таҷҳизоти зарӯрӣ ба беморхонаи ноҳиявии Љамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ин соҳибкори ватанӣ ба 7 шӯъбаҳои алоҳидаи ин беморхона хатҳои нафасгирии оксигенӣ кашида шуд, ки то ин вақт чунин шароит дар ин беморхона мавҷуд набуд. Бояд тазаккур намуд, ки корҳои васлкунӣ ва пайваст намудани хатҳои нафасгирии оксигенӣ таи як ҳафта боз дар ин беморхона ҷараён дошта он аз ҷониби мутхассисони ватанӣ анҷом дода шуда истодааст.

         Мавриди зикр аст, ки дар ин давраи ҳассос, ки тамоми дунё, аз ҷумла, Тоҷикистони моро низ фаро гирифта буд аз ҷониби њукумати мамлакат ва хосатан бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми беморхонаҳои кишвар, аз ҷумла, ба беморхонаи ноҳиявии Кӯлоб иловатан ду таҷҳизоти наву замонавии нафасдиҳӣ дастрас гардонида шуд, ки дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кӯмаки арзанда намуд. Бо мақсади таъмини шароити зарӯрї бо дастури Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин беморхона иловатан боз 40 хати нави нафасдиҳии сунъӣ дар ҳуҷраҳои махсуси табобатӣ васл гардид, ки иқдоми мазкур аз ҷониби табибони шаҳри Кӯлоб ба хушнудӣ пазируфта шуд.

         Тавре табибони беморхонаи ноҳиявӣ дар шаҳри Кӯлоб иброз медоранд, бо дарназардошти мавқеъгирии ин беморхона ҳамарӯза ба ин даргоҳ аз деҳоти наздики ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Ховалинг низ беморон муроҷиат намуда барои ташхису табобат бистарӣ карда мешаванд. Пайваст шудани хатҳои нави нафасдиҳии оксигенӣ метавонад дар табобати ҳамагуна бемориҳое, ки ба ин таҷҳизот ниёз доранд кӯмаки арзанда намуда, кори табибонро дар барқарорсозии саломатии сокинон даҳчанд осон гардонад.

         Бо пешниҳоди Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб вобаста ба вазъи баамаломада аз ҷониби дастандаркорон беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб низ бо чунин таҷҳизот таъмин карда мешавад. Гуфта шуд, ки корҳои васлкунӣ дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб низ оғоз гардида, дар ҳуҷраҳои табобатӣ 40 хати нави нафасдиҳии оксигенӣ кашида мешавад, ки ин иқдом боиси пешравти кор ва муваффаќият дар мубориза ба ин вабои аст мебошад. Бояд гуфт, ки таъмини шароити арзанда дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва умуман ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати мазкур аз ҷониби соҳибкорони бонангу номўси мамлакат дастгирии ҳамаҷониба меёбад.

     Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code