Паёми табрикотии Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикситон

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони саодатманди шаҳри Кӯлоб табрику таҳният гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои шоистаро таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, ҷиҳати рушди иҷтимоии ҷавонон, фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти ҷомеа, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию ифтихори миллии ҷавонон пайваста тадбирҳои ҳадафманд амалӣ карда мешаванд.

Боиси қаноатмандист, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавонони шарафманди мамлакат бо дарки масъулияти бузурги хеш сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Сарвари маҳбуби давлатамонро ҷонибдорӣ намуда, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар фаъолона ширкат менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон ба нерӯи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. Боварии комил дорам, ки ҷавонони шаҳр ҳамчун фарзандони асили Ватан барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ барои ҳар як фард нигаронида шудааст, саҳми босазои хешро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар кулли ҷавонони содиқи Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, барояшон бахту иқбол, муваффақияту пирӯзӣ ва дар таҳсилу фаъолияти оянда дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code