Кӯмаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб

Санаи 20 майи соли 2020 бо мақсади дастгирии иҷтимоиву иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории Коронавирус (Соvid-19) гирифтор шудаанд, кӯмакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 26 мошини пурбор иборат аз маводҳои хӯрока ва доруворӣ ворид гардид.

Ин тадбири хайрхоҳонаи Пешвои миллатро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ вориди шаҳри Кӯлоб намуда, меҳмонон ва корвони мошинҳои пурборро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Баҳром Иноятзода, намояндагони соҳаи тандурустии шаҳр ва дигар сокинон дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб  истиқбол намуданд.

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҳангоми расонидани кӯмакҳои Сарвари давлат ба табибон баҳри заҳматҳои шабонарӯзишаон изҳори миннатдорӣ байён намуда, иброз намуд, ки хизмати софдилонаи ҳар як табиб аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат қадр карда мешавад.

Маҳз, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди фаъолияти самарабахш ва ҷонисории  кормандони соҳаи мазкур  аст, ки кӯмаки башардӯстонаи худро ба ин ниҳоди муҳими ҷомеъа ва беморон равона сохтааст.

 Кӯмаки хайрхоҳонае, ки ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид, иборат аз маводи озуқаворӣ аз қабили молҳои ниёзи аввал: орд, биринҷ, равған, шакар, картоша, пиёз, сабзӣ ва амсоли ин буда, дар ҳаҷми 1350 тонна дастраси масъулин гардонида шуд.

Дар баробари ин ба табибон ва  беморхонаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб  маводҳои доруворӣ, сару либоси тиббӣ, ниқобҳо, дастпушакҳо, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонандаи антисептикӣ ва 10 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ҳамчун кӯмак тақдим карда шуд.

Табибон аз ин  дастгири ва боварии Пешвои миллат руҳбаланд гардида, баҳри софдилонаву поквиҷдонона кору фаъолият намудан тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба аҳолӣ изҳори сухан карданд.

                                                                                                 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code