МАЪЛУМОТНОМА Оид ба чораҳои пешгирикунанда баҳри роҳ надодан ба сироятёбии бемории Коронавирус-“COVID-19”

        Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси талаботи моддаи 110 ва 220-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1413 аз 30.05.2017 сол “Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ”, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба пурзур намудани пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сироятии Коронавирус -“COVID-19”  ва баҳри иҷроиши протоколи ҷаласаи назди Сардори раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Ёқубов Т. Директори МНДСЭ-и №2 вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Ахмедов Д.Б. ва директори МНДСЭ-и шаҳри Кӯлоб Наҷмидинова Ш.И. баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сирояти Коронавирус – “COVID-19” аз тарафи кормандони Марказ дар иншоотҳои зери назорат буда, семинар машваратҳо ва корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.

       Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сирояти Коронавирус-“COVID-19”  дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои савдо, муассисаҳои гӯшту шир, муассисаҳои саноати хӯрокворӣ ва бозорҳою марказҳои савдои шаҳру ноҳияи Кӯлоб чорабиниҳои санитарӣ, чорабиниҳои безараргардонӣ ва корҳои оммафаҳмонию семинар машваратҳо дар мавзӯи риоя намудани гигиенаи шахсӣ, нишонаҳои беморӣ, истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ, роҳҳои гузариши бемории сироятии “Коронавирус” гузаронида шуда,  инчунин баҳри пешгирии ин беморӣ варақаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ тақсим карда шуд. Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи хӯрокаи марказ,  назорат аз болои маҳсулоҳои хӯрокворӣ пурзур намуда, дар рафти рейду санҷишҳои санитарию гигиенӣ маҳсулотҳои муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ё пастсифат аз муомилот гирифта шуда, бо роҳи гуронидан ва сузонидан несту нобуд карда шудаанд.

      Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи хӯрока пешниҳодоту тавсияҳо ба соҳибкорону фӯрушандагон, кормандони хӯроки умумӣ (тарабхонаҳо, ошхонаҳо, чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, дуконҳои самбӯса ва дуконҳои тезтайёр) ва ба директорони бозорҳою марказҳои савдои шаҳру ноҳияи Кӯлоб пешниҳод карда шуд, ки дар назди ҳар як даромадгоҳ  дезбарер бо маҳлули безараргардонии 1%-а, антисептика барои безарар гардонидани дастон  ва бо собунҳои моеъ, салфеткаи яккарата дар назди дастшӯякҳо таъмин карда шавад ва ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои мазкур таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд.

     Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи коммуналии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сироятии Коронавирус-“COVID-19” дар меҳмонхонаҳо, ҳамомҳо, корхонаҳо, иншоотҳои коммуналӣ, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн  ва дар ҷамоати деҳоти Зарбдор,  ҷамоати деҳоти Даҳана, ҷамоти деҳоти Зиракӣ, ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва маҳаллаҳои аҳолинишини Ш.Шоҳин, Ҳофиз Шерозӣ, 1-майи шаҳри Кӯлоб корҳои оммафаҳмонӣ, семинару машваратҳо дар мавзӯи риоя намудани гигиенаи шахси, шӯстани дастон ҳатман бо собун, истифодаи атисептикаҳо барои безарар гардонидани дастон, истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ, нишонаҳои беморӣ, роҳои гузариши бемории сирояти  “Коронавирус” -“COVID-19” ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ муроҷиат намудан ба табиби оилавӣ гузаронида шуд. Инчунин бо иштироки аҳолӣ чорабиниҳои санитарӣ гузаронида шуда ва аз тарафи кормандони муассисаи давлатии дезинфексионӣ-профилактикии шаҳри Кӯлоб ва бо ёрдами валантиёрони ташкилнамудани раисони ҷамоатҳо чорабинии безараргардонӣ дезинфексионию профилактӣ гузаронида шуд.

     Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи Коммуналӣ ба иншоотҳои зери назорат дошта пешниҳодоту тавсияҳо дода шуд, ки дар назди ҳар як даромадгоҳ дезбарер бо маҳлули безараргардонии 1%-а, антисептика барои безарар гардонидани дастон ва собунҳои моеъ, салфеткаи яккарата дар назди дастшуякҳо таъмин карда шавад, инчунин  маводҳои безараргардонӣ захира карда шаванд  ва ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои мазкур таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

     Аз тарафи мутахассиони шӯъбаи гигиенаи кӯдакон ва наврасони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб дар 72 муассисаҳои соҳаи маъориф: муассисаҳои мактабӣ, томактабӣ, мактабинтернатҳо, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи технологӣ ва менеҷменти иноватсионӣ Кӯлоб, Литсейи касби техникӣ-сохтмонии шаҳри Кӯлоб ва колеҷҳои давлати ва ғайри давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сирояти Коронавирус-“COVID-19” корҳои оммафаҳмонӣ, семинару машваратҳо дар мавзӯи риоя намудани гигиенаи шахсӣ, шӯстани дастон ҳатман бо собун, истифодаи антисептикаҳо барои безарар гардонидани дастон, истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ, нишонаҳои беморӣ, роҳҳои гузариши бемории сирояти  “Коронавирус”  ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ муроҷиат намудан ба табиби оилавӣ гузаронида шуд. Инчунин дар муассисаҳои мазкур чорабиниҳои санитарӣ, чорабиниҳои безараргардоӣ дезинфексионӣ ва прфилактикӣ гузаронида шудааст.

     Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи кӯдакон ва наврасон ба иншоотҳои зери назоратдошта пешниҳодоту тавсияҳо дода шуд, ки дар назди ҳар як даромадгоҳ дезбарер бо маҳлули безараргардонии 1%-а, антисептика барои безарар гардонидани дастон  ва бо собунҳои моеъ, салфеткаи яккарата дар назди дастшӯякҳо таъмин карда шавад, инчунин  маводҳои безараргардони захира карда шаванд  ва ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои мазкур таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд.

        Аз тарфи мутахассисони шӯъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сирояти Коронавирус  – “COVID-19” дар муассисаҳои тандурустӣ: беморхонҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳои тиббии шаҳру ноҳияи Кӯлоб корҳои оммафаҳмонӣ, семинару машваратҳо, чорабинии санитарӣ ва чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.

       Аз тарафи мутахассисонӣ муассисаи давлатии дезинфексионӣ-профилактикии  шаҳри Кӯлоб дар якҷоягии Маркази бемориҳои тропикии шаҳри Кӯлоб чунин корҳо баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сирояти Коронавирус  – “COVID-19”  ба итмом расонида шудааст:

      Аз санаи 30.01.2020 сол то санаи  13.05.2020 сол 72 муаассисаи соҳаи маъориф, 52 масҷидҳои ҷомеъа ва панҷвақта, биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои коммуналӣ, боғи маркази ба номи М.С.А Ҳамадонӣ, боғи ба номи С.Вализода, гулгашти ба номи С.Амиршоев,  муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияи Кӯлоб,  хонаҳои баландошёнаи хиёбони И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Ш.Шоҳин, С.Сафаров, хонаҳои баландошёнаи  №1 то 37-и маҳаллаи Борбад,  240 хонаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 1-май, Чармгарони поён, 30 хоҷагӣ дар маҳаллаи Ҷ.Расулов, 98 хоҷагӣ дар маҳаллаи У.Хайём, 80 манзили истиқомати дар маҳаллаи  Абдушукуров, 70 хонаи истиқомати ва 1 хонаи баланд ошёна дар маҳаллаи Касирзода, 120 мазили истиқомати дар маҳаллаи Садиков, 40 манзили истиқомати дар маҳаллаи Алабердӣ, 120 мазили зист, бинои бахши фарҳанг, бинои Ҷамоат ва деҳаи Лойлуқаи ҷ/д Зарбдор, 380 хоҷагӣ дар ҷ/д Даҳана, муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозори “Саховат”-и ш Кӯлоб ва марказҳои савдои гирду атрофи он, Маркази савдои “Гайрат” ва “Лола”-и шаҳри Кӯлоб, ҶДММ “Деҳқонбозор-Сахӣ”, манбаҳои сироят, роҳои автомобилгард ва пиёдагарди шаҳри Кӯлоб ва 432 адад нақлётҳои мусофиркашонии хатсайрҳои 1,2,3,4,6,7 ва 9-и ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба миқдори умуми 483510 м2  бо маҳлули 1%-а хлордор безарар гардонида шудаанд.

     Оиди гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ корҳои оммафаҳмонӣ ва баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории сироятӣ Коронавирус- “COVID-19”  6 баромади телевизонӣ тариқи Телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Синамо”, ТВ “Хатлон”, ТВ “Кӯлоб ва ТВ “Сафина” ва 1 мақола дар газетаи навиди Кӯлоб ва Кулябская правда пешкаши тамошобинону хонандагон гардонида шудааст.

      Назорат ва корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб

Наҷмидинова Ш.И.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code