Кӯмакҳои башардӯстонаи соҳибкорон дар шаҳри Кӯлоб

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтурам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус-СОVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии кучаву маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастгирии муассисаҳои тиббӣ, табибон ва оилаҳои онҳо  зери назорати давлату ҳукумат ва худи ҷомеа қарор гирифтааст.

Дар ин росто, соҳибкорону саховатмандони шаҳи Кӯлоб ташаббуст зоҳир намуда, баҳри дастгирии табибон ва оилаҳои онҳо, инчунин таъмини муассисаҳои табобатӣ бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, доруворӣ ва маводҳои антисептикӣ кумакӣ худро расонида истодаанд.

Мисоли ин гуфтаҳо соҳибкор Ҷобиров Ҳоким шуда метавонд, ки мавсуф ба маблағи зиёда аз  50 ҳазор сомонӣ маводи хурока,  доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ аз ҷумла: термавайзерҳо, либосҳои махсусӣ тиббӣ, дастпушакҳои яккарата, ниқобҳо, маҳлулҳои безарагардони (спирт) ва дигар дорувориҳои зарурӣ кӯмак расонид.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳамин соҳибкори ҳиматбаланд дар  маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб ба зиёда аз 100 оила маводҳои хӯрокворӣ аз қабили орд, гушт, равған, шакар, биринҷ кӯмак расонида шуд.

Ҳамин тариқ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мактабинтернати №1-и  шаҳри Кӯлоб  низ маводҳои хӯрокворӣ кӯмак расонида шуд.

Аз ҷониби дигар соҳибкори шаҳри Кӯлоб Зафар Кенҷа 1 тон маводи безарагардонӣ (хлор) ба шаҳри Кӯлоб таъмин карда шуд.

Дигар соҳибкороне низ ҳастанд, ки имрӯзҳо саҳми худро дар мубориза ба ин вируси нав расонида истодаанд, ки мо аз чунин соҳибкорони шаҳри Кӯлоб мефахрем ва ифтихор менамоем, ки дар чунин рӯзҳо саҳми худро дареғ намедорад.

                                                                           Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code