ИНРО ҲАМ ПАСИ САР МЕКУНЕМ!

Дар асоси  ,, Муроҷиатномаи Раиси  вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба сокинони вилояти Хатлон,  аз 4 майи соли 2020. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бо мақсади таъмини иҷрои Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус—COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд.

Аз  ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 гузаронида шуда истодааст,, Бо кумаку дастгирии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб  безараргардонии бинои Муассисаи давлатии ,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб, толорҳои хониши истифодабарандагон ва ҳуҷраҳои кории кормандон бо маводҳои зиддивирусӣ аз ҷониби мутахассисони  соҳа гузаронида  шуд.

Бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, бо бемории сироятии Коронавирус талоши доимӣ доранд,  истифода аз ҳама имкониятҳо кӯмаку дастгириҳои иҷтимоӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст.

Бо ин ниятҳои нек аз ҷониби фаъолони  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аъзоёни ташкилоти ибтидоии  ,,Ганҷи дониш,,-и назди Китобхона  ба хонадони яке аз табибони Беморхонаи сироятии ш.Кӯлоб –  Сафаров  Умар маводи хӯрока ҳамчун кӯмак расонида шуд.

Барои пешгирӣ аз ин вирус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомотҳои дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро амалӣ карда истодаанд. Умед ва боварии комил дорем, ки дар муддатҳои наздиктарин  ин  вабо  паси  сар  мешавад.                                        

Директори Муассисаи давлатии

,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

 ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб,,   –   Обидзода  Саймуҳаммад  Рӯстам

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code